ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв аз рӯзҳои истироҳатии дарозмуддат дар моҳҳои январ ва май дар Русия шадидан интиқод кардааст.
“Халқ дар ин рӯзҳои бардавом бекорхӯҷа ва аксарият майзада мешаванд”, - изҳор намудааст Горбачёв ба сомонаи Ura.ru.
Ба боварии собиқ кишвардори Иттиҳоди Шӯравӣ, истироҳатҳои бардавом дар моҳҳои январ ва май бояд манъ карда шаванд. Ӯ пешниҳод намудааст, ки ин рӯзҳои истироҳатӣ бояд дар давоми сол баробар тақсим шаванд.
”Агар ман чунин салоҳият медоштам, рӯзҳои истироҳатӣ дар ин ду моҳро давоми сол тақсим мекардам”, - гуфтааст ӯ.
Горбачёв аз солҳои ИҶШС ёдовар шуда, афзудааст, ки он замон мардум ин қадар истироҳатҳои дарозмуддат надоштанд, вале зиндагии олиҷаноб паси сар мекарданд.
Қобили зикр аст, ки имсол дар Русия истироҳатҳои Соли навӣ аз 1 – ум то 8 – уми январ давом карданд.
Ҳамчунин интизор меравад, шаҳрвандони Русия дар моҳи май аз 1 – ум то 5 – ум ва сипас аз 9 – ум то 11 – уми май истироҳат кунанд.