ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Гунаҳкорони аслии аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ баргузоркунандагони инқилоби моҳи августи соли 1991 мебошанд, гуфт президенти пешини ИҶШС Михаил Горбачёв дар суҳбат бо рӯзномаи Der Spiegel.
"Дар хотимаи бозсозӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳое ҷавобгаранд, ки моҳи августи соли 1991 инқилоб карда, пас аз инқилоб мавқеъи сустшудаи президенти ИҶШС - ро истифода карданд", - гуфт Горбачёв.
Бӯрӣ Каримов: агар бозсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?
Ба гуфти Горбачёв, ӯ медонист, ки Бозсозӣ рискҳои худро хоҳад дошт. Дар баробари ин раҳбарияти ИҶШС бозсозиро муҳим медонист, илова кард собиқ президент.
"Ба таври пешин зистан, аллакай номумкин буд. Ва қисми асосии Бозсозӣ ақидаи сиёсати берунӣ буд, ки ҳам арзишҳои универсалӣ ва беяроқшавиро дар назар дошт ва ҳам интихоби озодро", - шарҳ дод Горбачёв.
Танҳо бо ҷаҳду талош метавон ба ҳақу ҳуқуқи худ соҳиб шуд: ташкилёбии Тоҷикистони Шӯравӣ
Сиёсатмадор иқрор шуд, ки аз Бозсозӣ пушаймон нест вале дар ин роҳ хатогиҳо содир кардаанд.
Би фикри Горбачёв Русия дигар ҳич гоҳ ба низоми идораи тоталитарӣ бознамегардад.