Давлатзода : ВУХ бояд барои ҷаҳонӣ шудани даъватҳои Президент талош кунад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагон Муродулло Давлатзода дар дидору мулоқот бо кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зикр кардааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Рӯзи 10 январ вохӯрии кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ бо Муродулло Давлатзода, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ, вакил дар робита ба нуктаҳои асосии Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

Союз писателей РТ опубликовал книгу о Рахмоне - Sputnik Тоҷикистон
Китоби нави “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ” нашр шуд

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ қайд гардидааст, ки аз паём то паём марҳилаест, ки қадамҳои гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт баҳогузорӣ ва ҷамъбаст карда мешавад. Пешравиҳо дастгирӣ ёфта, камбудиҳо ошкор ва бартараф мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки сарвари давлат дар Паёми худ дастовард ва камбудиҳои соли 2019-ро ёдовар шуда, барои пешрафти бештари соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

"Ба самтҳои стратегии кишвар бартарӣ дода шуд. Яке аз ин самтхо барномаҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба истиқлоли энергетикӣ буда, ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз авлавиятҳои Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад. Дар соли 2019 ба кор даровардани ду агрегати он яке аз бузургтарин дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол арзёбӣ гардид. Ҳукумати кишвар таъмини мардум бо нерӯи барқро вазифаи муҳимми худ дониста, дар партави Паёми Сарвари давлат дар ин самт чораҳои муассирро рӯи даст гирифтааст", - гуфтааст Давлатзода.

Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намудааст, ки "яке аз хусусиятҳои Паём ин буд, ки он аз баррасии масоили сиёсӣ, таҳлили вазъи иҷтимоию cиёсӣ ва амниятии кишвар ва минтақа оғоз шуда, Сарвари давлат дар суханронии худ дар бораи авзои мураккаби манотиқи гуногуни дунё, махсусан Шарқи Наздик ва Афғонистон изҳори назар кард".

Дар поёни вохӯрӣ Муродулло Давлатзода зикр намудааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ пешбарандаи сиёсати хориҷии кишвар буда, бояд барои фарогир ва ҷаҳонӣ шудани даъватҳои Пешвои миллат ва андешаҳои созандаи ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳад.

Лентаи хабарҳо
0