ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Нашриёти “Эр-граф”-и шаҳри Душанбе китоби “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ”-ро ба нашр расонид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмии муҳаққиқи ҷавон – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода бо номи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ” дар нашриёти “Эр-граф”-и шаҳри Душганбе аз чоп баромад.
Асари мазкур натиҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва тадқиқоти илмии чандинсолаи муаллиф мебошад оид ба Паёми Президент мебошад.
“Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳирона ба риштаи таҳлил ва пажӯҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва назарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқшиносони ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст”, - гуфтааст муҳаррири масъули китоб, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтовар Сафарзода.
Дар китоб моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ва андешаҳои умумибашариву инсонмеҳваронаи Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паёмҳояшон баён доштаанд, аз назари илмӣ шарҳ дода шудааст.
Китоби мазкур барои истифода ба муҳаққиқону унвонҷӯёни риштаи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа тавсия дода мешавад, афзудааст манбаъ.