Раисҷумҳури Абхазистон ба истеъфо намеравад: ӯ роҳи ҳалли қазияро гуфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Абхазии Рауль Хаджимба, архивное фото.
Президент Абхазии Рауль Хаджимба, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Абхазистон Раул Хачимбо мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба истеъфо намеравад ва ба мухолифини ҳукумат ва эътирозгарон пешниҳод намуд то сари мизи музокира шинанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раул Хачимбо раисҷумҳури Абхазистон роҳи ҳалли бесарусомонӣ дар кишварро на ба истеъфо худ, балки сари мизи музокира нишастан бо мухолифону эътирозгарон мебинад.

Протестующие штурмуют администрацию президента Абхазии - Sputnik Тоҷикистон
Дар Абхазистон эътирозгарон ба қароргоҳи раисҷумҳур зада даромаданд

Бар хабари муовини аввали роҳбари дастгоҳи президент, Раул Хачимбо пешниҳод намудаст, ки дар назди бинои маъмурияти роҳбари давлат бо шаҳрвандони норизо гуфтушунид доир мекунад.

Зимнан, Вазири дифои Абхазистон Мираб Кишмария низ аз мухолифини ҳукумат даъват намудаст, ки ба мардум фишор оварданро бас кунанд.

Дар Абхазия эътирозгарон бинои дастгоҳи президентро забт карданд - навор

Шаҳрвандони ин кишвар чун аз натоиҷи интихоботи президентӣ норизо ҳастанд, дирӯз дастаҷамъона ба тазоҳурот даст заданд.

Онҳо ҳатто дару тирезаи бинои маъмурияти раисҷумҳурро шикаста дохили он шуданд.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта доир гардид, президенти амалкунанда Раул Хачимбо дигарбора пирӯз шуд, вале мардум мегӯяд, ки зимни баршумории раъй тақаллубкорӣ сурат гирифтаст.

Лентаи хабарҳо
0