ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Абхазистон шаҳрвандон аз натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шадидан норизо буда, даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо барои изҳори норизогии худ дастаҷамъона то қароргоҳи президент зада даромаданд,хабар медиҳад Sputnik Абхазистон
Тазоҳургарон бар инанд, ки дар ҷараёни интихобот ба тақаллубкорӣ даст зада шуд ва аз ин рӯ натиҷаи интихобот бояд беэътибр дониста шавад.
Ба маълумоти Камиссияи маркази интихоботии ин кишвар, раисҷумҳури амалкунанда Раул Хаҷимбо, ки номзадияшро барои дарёфти курсии раисҷумҳур пешбарӣ намуда буд, бо дарёфти аксари оро пирӯзӣ ба даст овард.
Аммо эътирозгарон маълумоти комиссияро носаҳеҳ хонада, дастаҷамъона аз даромадгоҳи асосӣ бо лагад намудани дари даромад онро канда, вориди қароргоҳ шуданд.
Зимнан, Суди олии Абхазистон низ ба баррасии даъвои собиқ номзад ба президентӣ, раҳбари ҳизби мухолифини "Амтсахар" Алҳас Квитсининаро оғоз намудаст.
Квитсинина ба Додгоҳи олӣ муроҷиат намуда, арз кардааст, ки натоиҷи интхоботи президентӣ, бинобар тақаллубкорӣ беэътибор дониста шавад.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Абхазистон моҳи сентябри соли гузашта сурат гирифта буд, ки ба пирӯзии Раул Хаҷимбо анҷом ёфт.
Он замон Раул Хаҷимбо 47,39 дарсад раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз Алхас Квитсинина 46,17 дарсад овоз ҷамъоварӣ шуд.
Раҳбари ҳизби "Амтсахар" натиҷаҳои интихоботро эътироф накард ва рӯзи 11 сентябр алайҳи Комиссияи марказии интихоботӣ ба Суди Олӣ муроҷиат кард. Аммо, рӯзи 20 сентябр даъвои ӯ рад карда шуд ва ӯ ба ироаи даъво бобати беэътибор донистани натоиҷи интихоботи президентӣ, ба Суди болоӣ муроҷиат намуд.