Ҳалокати хонандаи синфи 7 дар пайи садамаи "Мерседес- Бенс"-и Каримов

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи бархӯрди худрав ба дарахт дар Конибодом ду наврас ҷароҳат бардошта, яке дар беморхона ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар натиҷаи садамаи нохуши нақлиётӣ дар Конибодом як наврас ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дақиқ кард, ки дар садама аз 33 мусофири тоҷик 10 кас маҷрӯҳ гардид

Бино бар иттилои манбаъ, 8-уми январи соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Каримов Турсуналӣ Валиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд, дар 32-юм километри ҳудуди деҳаи Ниёзбек аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа, велосипедрони ноболиғ Рӯзибоев Бахтиёр Ғуломович ва Умронов Далерҷон Дилмуродович, соли таваллудашон 2006, хонандагони синфи 7-уми МТМУ, сокинони шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Мутаассифона, дар беморхона ноболиғ Урмонов Д.Д. ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0