Мушовир дар масъалаи кадрҳои раисиҷумҳур аз ҳавзаи Кӯлоб номзад шуд

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни як конфронс дар шаҳри Кӯлоб номзадаш аз ин ҳавза ба вакилии Маҷлиси намояндагонро муайян кард

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар конфронс, ки таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби аввали раиси ҲХДТ баргузор шуд, ба ҳайси номзад аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Шариф Ҳакимзода пешбарӣ гардид, хабар додаст "Ховар".

Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ раиси ВМКБ номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд-акс

Ба иттилои манбаъ, Шариф Ҳакимзода аз 21 феврали  соли 2014 дар мансаби мушовири бахши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои кадрҳо  кор мекунад.

Пешниҳоди номзадии Холмаҳмадзода ба вакилӣ дар парлумон

То ҳол ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботи Турсунзода номзадии Солеҳа Холмаҳмадзода, ноиби раиси ин шаҳр, аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ номзадии Қодири Қосим, собиқ раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, аз ҳавзаи Сино номзадии Рустами Шоҳмурод ва аз ҳавзаи Ҷайҳун номзадии Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0