Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд масоили аломатгузорӣ дар марзро баррасӣ карданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото
Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз оғози кори Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳр Тошканд хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Рӯзи 7 январи соли равон дар шаҳри Тошканд ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки демаркатсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Узбакистон баргузор гардид, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Санади ниҳоӣ имзо шуд: мақомоти Узбакистону Қирғизистон масъалаи марзиро ҳал карданд

Зимни гуфтушунидҳо тарафҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки ба шарикии стратегӣ асос ёфаанд, таъкид карданд.

“Дар ҷаласа санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва техникӣ тасдиқ карда шуданд, ки ҳамчун замина барои  демаркатсияи минбаъдаи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон хизмат менамоянд”, - таъкид намудааст ВУХ Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ зик кардааст, ки дар ин ҷаласа ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2020 низ мувофиқа карда шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор шуданд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар додааст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0