ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар чорчуби ин музокирот, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, тарафайн асноди ниҳоии таини марзҳои давлатӣ дар вилояти Навоӣ ва Ҷумҳурии худмухтори Қара Қалпоқистон-и Узбакистон муҷовир бо вилоятҳои Оқтеппа ва Қизил Урда ва Минқишлоқ-и Қазоқистонро танзим карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Дар ин дидор ҳамчунин ҷадвали нишастҳои ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Қазоқистон барои соли 2020 тасвиб шуд.
Узбакистон ва Қазоқистон ду ҳазору 203 километр марзи муштарак доранд.
Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз
Таин ва нишонагузории марзҳои Узбакистон ва Қазоқистон дар соли 2003 оғоз шуд.
Равобити ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазокистон ба хотири мушкилоти марзӣ, ҳар аз чанд гоҳе дастхуши таниш мешавад ва ин мавзӯъ баҳонае барои дахолати муғризонаи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ шудааст.