Пешниҳоди ширкати узбакистонӣ ба мақомоти Суғд барои бунёди корхонаи равғанбарорӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти ширкати “Прогресс Бизнесиндастр”-и Узбакистон бо мақомоти вилояти Суғд бораи бунёди корхонаи равғанбарорӣ дар вилоят гуфтушунид кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Ахиран дар бинои мақомоти вилояти Суғд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода,  раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Прогресс Бизнесиндастр”-и Узбакистон бо роҳбарии Шуҳрат Тошев сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд масоили аломатгузорӣ дар марзро баррасӣ карданд

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мубодилаи афкор намуда, тарафҳо ҳавасмандии худро барои густариши робитаҳо баён доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот таъкид доштааст, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни минтақаҳо тақвият ёфта истодааст ва афзоиши табодули молу маҳсулот ва бунёди корхонаҳои муштарак далели ин гуфтаҳост.

Намояндаи ширкати узбакистонӣ таъкид қайд намудааст, ки​ ният дорад дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли равғани растаниро фаъол намояд.

Ширкати мазкур дар вилояти Тошканд ҷойгир буда, ба истеҳсоли равғани тозаи офтобпараст машғул аст. Маҳсулоти корхона асосан ба бозори дохилӣ ва Афғонистону Қирғизистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ташкили корхонаи муштарак ҳамкорӣ хоҳанд кард. 

Лентаи хабарҳо
0