Ҳалокати беш аз 50 нафар дар маросими дафни Сулаймонӣ дар Эрон

© REUTERS \ Official Khamenei websiteКомандующим силами Кодс КСИР Ирана генерал Эсмаил Гаани во время прощания с иранским генералом Касемом Сулеймани, убитым во время авиаудара в Багдаде
Командующим силами Кодс КСИР Ирана генерал Эсмаил Гаани во время прощания с иранским генералом Касемом Сулеймани, убитым во время авиаудара в Багдаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими дафни Қосим Сулаймонӣ дар Эрон еш аз 50 нафар ба ҳалокат расид ва беш аз 200 нафари дигар осеб дидааст

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ издиҳоми зиёди мардум ҷамъ омада, аз фишори он дастикам беш аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафари дигар осеб диданд, иттилоъ додаанд хабаргузории  ISNA.

Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Шойгу: Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ аст ва нақши бисёр муҳимме дар шикасти терроризм дошт

Бино бар иттилои манбаъ, бар асари издиҳом ва фишори ҷамъият дар маросими ташйии пайкари Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар Кирмон теъдоде аз ташйиъкунандагон ҷон бохтанд ва шуморе ҳам захмӣ шуданд.

Ба гузориши  ИРНА, Сайидмуҳаммади Собирӣ, раиси “Ёрии таъҷилӣ” ва мудири Маркази ҳаводису фавриятҳои пизишкии устони Кирмони Эрон гуфт, ағлаби ҳодисадидагон афроди солдида буданд. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърсонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳам гуфт, ҳама масдумон ба бемористон мунтақил шуданд ва абъоди ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст, аммо ҳанӯз наметавон омори дақиқе аз ҷонбохтагон ва масдумони ҳодиса эълом кард

Дар Эрон 7-уми январи соли равон қарор буд маросими дафни Сулаймонӣ баргузор мегардид, ки дар Ироқ кушта шуд. Барои видоъ бо генерал милионҳо нафар ба кӯчаҳо рехтанд.  

Лентаи хабарҳо
0