Шойгу: Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ аст ва нақши бисёр муҳимме дар шикасти терроризм дошт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСергей Шойгу
Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт кишвараш интиқоми сахте аз Амрико хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik.  Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефони Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, афзуд, Эрон замон, макон ва чигунагии посух ба ҷинояти Амрикоро таъйин хоҳад кард.

Мария Захарова прокомментировала убийство генерала Сулеймани - Sputnik Тоҷикистон
Мария Захарова гуфт кушта шудани Қосим Сулаймонӣ паёмади нохуб дорад

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, қатли Қосими Сулаймониро сабаби таҳаввулоти бузург дар минтақаи ғарби Осиё донист ва таъкид кард, Эрон, Русия ва ҳамаи кишварҳои озод ва мустақили ҷаҳон бояд дар баробари Амрико боистанд ва иҷозаи такрори ин гуна иқдомотро надиҳанд.

Шойгу низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, бо тасалияти шаҳодат Қосими Сулаймонӣ ба миллат, давлат ва нирӯҳои мусаллаҳи Эрон изҳор кард.

Вай гуфт Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ аст ва нақши бисёр муҳимме дар шикасти терроризм дар Сурия ва Ироқ дошт.

Сергей Шойгу бо баёни инки террори шаҳид Сулаймонӣ, иқдоме бесобиқа дар байни кишварҳо буд таъкид кард, ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршад тавассути як кишвари дигар бидуни ҳеҷ далеле дар хоки кишвари сеюм кушта мешавад.

Вазири дифои Русия бо таъкид бар инки Амрико бидуни ҳеҷ далеле ба худ ҳаққи мудохила дар умури дигар кишварҳоро додааст хотирнишон кард, иқдоми террористӣ алайҳи сардор Сулаймонӣ, амалиёти бисёр хатарнок буд, ки мухолифати мардуми ҷаҳон ва ҳатто мардуми Аврупо ва Амрикоро ба ҳамроҳ дошт.

Лентаи хабарҳо
0