Эҳтиёткор бошед: ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

© SputnikЗдание посольства США в Душанбе, архивное фото
Здание посольства США в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо авҷ гирифтани таниш дар Ховари Миёна аз шаҳрвандонаш дар ин кишвар хостааст дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи соли равон дар сомоани расмии сафорат ба нашр расидааст.

Мақомоти Амрико дар ҳушдор зикр кардааст, ки бино бар афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна имкон дорад, шаҳрвандони Амрико дар хориҷ аз, кишвар зери хатар қарор бигиранд.

Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи - Sputnik Тоҷикистон
Хоманаӣ: дишаб як шаппотӣ зада шуд. Амрико бояд аз минтақа биравад

Инчунин сафорат ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки бе зарурат дар кӯчаҳо зиёд нагарданд, дар маҳалҳое, ки саёҳон зиёданд, ҳушёр бошанд ва барномаҳои худро бознигарӣ кунанд.

Сафорати Амрико таъкид доштааст, ки бо идомаи арзёбиҳо аз вазъи амниятӣ иттилооти иловагиро дар ихтиёри шаҳрвандонаш мегузорад. 

Бояд қайд кард, ки шаби 3 январ нирӯҳои Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймониро ба қатл расонданд. Теҳрон ваъда дода буд, ки ба ин амалӣ террористӣ посух хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ба иншоотҳои Амрико ҳамла кунад, нирӯҳои амрико 52 иншооти низомӣ ва фарҳангии Эронро ҳадаф мегирад.

Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ ҳадаф қарор дод. асонаҳои Эрон аз хабар доданд, ки  сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои амрикоӣ дар террори генерал  Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.

Пойгоҳи низомие, ки ба он Эрон мушак андохтааст, “Айн Ал-Асад” буда, дар ғарби Ироқ воқеъ мебошад.

Хабаргузории “Press TV” хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамагӣ сӣ мушаки баллистикӣ партофта шудааст.

“Ин амали ҷавобӣ ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мебошад”, — гуфт намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бораи хисорот ва осебдидагон иттилоъ нест.

Лентаи хабарҳо
0