Хоманаӣ: дишаб як шаппотӣ зада шуд. Амрико бояд аз минтақа биравад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Эрон ҳамалоти мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ду пойгоҳи Амрико дар Ироқро як шаппотӣ хонд ва таъкид кард, дар мақоми муқобила, ин иқдомоти низомӣ ба ин шакл кифоят намекунад ва вайронгари Амрико дар минтақа тамом шавад

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми Қум гуфт, ҳузури амрикоиҳо дар ин минтақа ва дар ҳар ҷойи дигари ҷаҳон, ҷуз ҷанг, ихтилоф, фитна, вайронӣ ва хароб шудани зербиноҳо ҳеҷ натиҷаи дигаре надоштааст.

Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳузури амрикоиҳо дар минтақа бояд ба поён бирасад, изҳор доштанд, амрикоиҳо ҳамин фасоду вайронгариро барои Эрон орзу ва исрор доранд ва масъалаи музокира ва нишастан пушти миз, муқаддимаи он дахолатҳо ва ҳузурҳо аст.

Запуск Иранской ракеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ ҳадаф қарор дод

Раҳбари Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико, мусаввабаи парлумони Ироқ мабнӣ бар ихроҷи Амрико аз он кишвар, бисёр хуб буд ва умедворем Худованд тавфиқ диҳад ин ҳаракатро дунбол кунанд.

Ёдрас мешавмем, ки имрӯз расонаҳои Эрон хабар доданд, ки  сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои амрикоӣ дар террори генерал  Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.

Пойгоҳи низомие, ки ба он Эрон мушак андохтааст, “Айн Ал-Асад” буда, дар ғарби Ироқ воқеъ мебошад.

Хабаргузории “Press TV” хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамагӣ сӣ мушаки баллистикӣ партофта шудааст.

“Ин амали ҷавобӣ ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мебошад”, — гуфт намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бораи хисорот ва осебдидагон иттилоъ нест.

Бояд қайд кард, ки шаби 3 январ нирӯҳои Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймониро ба қатл расонданд. Теҳрон ваъда дода буд, ки ба ин амалӣ террористӣ посух хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ба иншоотҳои Амрико ҳамла кунад, нирӯҳои амрико 52 иншооти низомӣ ва фарҳангии Эронро ҳадаф мегирад.

Лентаи хабарҳо
0