ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз 7 январи соли равон дар Душанбе дар бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷа ва Муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Инчунин тарафҳо, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд.
“Зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд”, -зикр намудааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати хориҷа хабар дода буд, ки муовини аввали дастёри Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзҳои 6-7 январ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.
Гуфта шуда буд, ки Эллис Уэлс дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот ва масоили марбут ба таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ, густариши иртибототи иқтисодӣ, энержӣ ва башардӯстона миёни ду кишварро баррасӣ мекунад.
Масоили марбут ба ҳамкории ду тараф барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва таъмини амният дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ду тараф қарор хоҳад гирифт.