Номзадии Гавҳар Шарофзода ба вакилии парлумон пешбарӣ гардидаст

© © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по языку и терминологии при Правительстве Таджикистана Гавхар Шарофзода
Председатель Комитета по языку и терминологии при Правительстве Таджикистана Гавхар Шарофзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба ҳайси номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Номзадии Гавҳар Шарофзодаро барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 пешбарӣ гардидааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон номзад дар интихоботи парлумонии 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик номзад ба вакилӣ дар интихоботи 2020 шуд-аксҳо

Бояд гуфт, ки Гавҳар Шарофзода феълан раҳбари Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Қаблан, Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон номзадии Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи кишварро дар интихоботи парлумонии имсола пешниҳод карда буд.

Охирин паёми Раҳмон ба парлумони феълӣ: аз қарори Убайдуллоев то раиси оянда

Пешниҳоди Рустами Шоҳмурод дар ҳолест, ки чанд вазиру раиси кумитаи дигар низ дар рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ба ҳайси номзад дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон пешбарӣ шудаанд.

Гавҳар Шарофзода 54 сол дошта, зодаи вилояти Хатлон мебошад. Номбурда соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм намуда, феълан доктори илмҳои филологӣ, дотсент мебошад.

Шарофзода сар аз соли 2013 роҳбарии Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0