Вазири тоҷик номзад ба вакилӣ дар интихоботи 2020 шуд-аксҳо

© акс аз саҳифаи ҲХДТРустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон номзад дар интихоботи парлумонии 2020
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон номзад дар интихоботи парлумонии 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон номзадии Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи кишварро дар интихоботи парлумонии имсола пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ҲХДТ, Азизӣ имрӯз зимни конфронси ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино, номзадии Рустам Шоҳмуродро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Сино №4 пешбарӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

“Тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии Рустам Шоҳмуродро ҷонибдорӣ намуда,ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоияи ҲХДТ.

Пешниҳоди Рустами Шоҳмурод дар ҳолест, ки чанд вазиру раиси кумитаи дигар низ дар рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ба ҳайси номзад дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон пешбарӣ шудаанд.

Рустам Шоҳмуроди 55-сола, зодаи шаҳри Конибодом, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, падари се фарзанд, аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бар асоси ҳолномаи Рустами Шоҳмурод, ӯ фаъолияти меҳнатияшро соли 1989 ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

“Аз соли 1993 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ, сардори Раёсати қонунгузорӣ ва солҳои 1999—2009 муовин ва сипас муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.  Солҳои 2009—2012 муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст”, - омадааст дар ҳолномаи Рустами Шоҳмурод.

Лентаи хабарҳо
0