Дар Хуҷанд ба Интихоботи вакилони халқ-2020 омодагӣ мебинанд

© акс аз Sputnik ТоҷикистонҲавзаи интихоботии Хуҷанд
Ҳавзаи интихоботии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи вилоятии интихобот аз 13 нафар иборат буда, миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ 70 адад муқаррар карда шуд

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барои баргузории Интихоботи вакилони халқ - 2020 омодагӣ мебинанд.

Интихобкунандагон барои худ дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва Порлумони Тоҷикистон вакили халқӣ интихоб мекунанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон номзад дар интихоботи парлумонии 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик номзад ба вакилӣ дар интихоботи 2020 шуд-аксҳо

Ҳоло масъулини ҳукумати Хуҷанд ба насби тоблуҳое, ки суроғаи ҳавзаҳои баргузории интихоботӣ дар ҳудуди шаҳрро мушаххас мекунанд, оғоз кардаанд.

Чанде пеш масъулини ҳукумати Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа масъалаи миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳриро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Охирин паёми Раҳмон ба парлумони феълӣ: аз қарори Убайдуллоев то раиси оянда

Дар ин иҷлосия аз ҷумла вакилони шаҳрӣ барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ташкили 40 ҳавзаҳои ҳудудии интихоботро барои интихобкунандагон муқаррар ва тасдиқ намуданд.

Пештар аз ҳамчунин як ҷаласа таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ баргузор гардида буд, ки дар он қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар бораи миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ, барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардид.

Тибқи ин қарор комиссияи вилоятии интихобот аз 13 нафар иборат буда, миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ 70 адад муқаррар карда шуд. Имсол бо баргузории интихобот, мардум вакилони худро дар маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон, барои 5 соли давраи вакилӣ ва ё барои то соли 2025 интихоб мекунанд.

Қарор аст, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар моҳи марти имсол дар саросари Тоҷикистон баргузор шавад.

Лентаи хабарҳо
0