Эрон ба таҳдидҳои Трамп дар бораи зарба ба иншоотҳои муҳими ин кишвар посух дод

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Эрон Абдулраҳим Мусавӣ бар ин бовар аст, ки Амрико ҷасорати ҳамла овардан ба 52 нуқтаҳои муҳими ин кишварро надорад

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Амрико ҷуръат намекунад, ки ба 52 нуқтаҳои муҳими Эрон, ки раисҷумҳури он кишвар Доналд Трамп дар бораашон гуфта буд, ҳамла намоянд, изҳор дошт фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Эрон Абдулраҳим Мусавӣ.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Трамп ба Эрон таҳдид кард

Иддаои Мусавӣ дар ҳолест, ки чанде қабл раисҷумҳури Амрико бо таҳдид афзуда буд, ки дар сурати ҳамла намудан ба шаҳрвандони амрикоӣ ва ё ба амволи онҳо Амрико 52 нуқтаҳои муҳими Эронро ҳадафи ҳамлаи зуд ва пурқувват қарор медиҳад.

Зимнан раисҷумҳури Амрико аз мақомоти Эрон барои нияти интиқом гирифтан барои қатли Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон интиқод кард. 

Се рӯзи азои Эрон: ваъдаи интиқоми сахти Хоманеӣ баъди қатли Сулаймонӣ бо фармони Трамп

Қобили зикр аст, ки Амрико аллакай 700 сарбози худро озими давлати Кувайт намуда, инчунин азм дорад 3,5 ҳазор низомии дигарро ба ин кишвар сафарбар кунад.

Ёдовар мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.

Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми Амрико хондаанд.

Лентаи хабарҳо
0