ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико таҳдид намуд, ки дар сурати ҳамла ба амрикоиҳо ва ё амволи онҳо дар ин кишвар ба 52 иншооту коргоҳи Эрон, аз ҷумла маркази фарҳангӣ ҳамла меорад.
Зимнан, Доналд Трамп тавзеҳ додаст, ки ҳамла ба 52 иншооту коргоҳ ифодагари 52 гаравгоне, ки мақомоти Эрон чандин сол қабл боздошт намуда буданд.
"Мо тасмим гирифтем, ки ба 52 иншооти барои Эрон бисёр муҳим ҳамла намоем. Амрико дигар таҳдидҳоро намехоҳад", - навиштааст раисҷумҳури Амрико дар сафҳаи худ дар Твиттер.
Iran is talking very boldly about targeting certain USA assets as revenge for our ridding the world of their terrorist leader who had just killed an American, & badly wounded many others, not to mention all of the people he had killed over his lifetime, including recently....
— Donald J. Trump (@realDonaldTrump) 4 января 2020 г.
Трамп ҳамчунин Эронро барои нияти интиқом гирифтан барои қатли Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон интиқод кард.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Associated Press менаисад, ки Амрико аллакай чандин низомии худро ба Кувайт сафарбар намудаст.
Манобеъ аз қавли сухангӯи расмии дивизияи 82-юми Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида подполковник Майк Бернс хабар медиҳад, ки тақрибан ҳафтсад сарбози дивизия аллакай ба Ховари Миёна сафарбар гардиданд.
Thousands of U.S. soldiers are rapidly being deployed from North Carolina to Kuwait after the U.S. killing of a top Iranian general. “It’s literally thrown me for a loop,” one soldier’s wife said. https://t.co/jMq9aqsvE6
— AP South U.S. Region (@APSouthRegion) 4 января 2020 г.
Ёдовар мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.
Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми Амрико хондаанд.