ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз дастовардҳои кишвар дар бахшҳои гуногун зикр карда, дар бораи маъракаи муҳими сиёсии соли 2020 суҳбат кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба нақша гирифта шудаан.
“Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои таъмин намудани раванди овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзиамон дар маъракаҳои интихоботии соли оянда чораҳои муассир андешанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба муҳоҷирон гуфтааст, танзими масъали умури муҳоҷират аз мавзуъҳои муҳими музокирот бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин мебошад.
"Дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд", - изҳор доштаст раисиҷумҳур.
Ӯ афзуд, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон хотиррасон кардааст, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 Созишнома дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии мо ба Федератсияи Россия ба имзо расид.
“Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия муҳим мебошад”, - изҳор доштаст Раҳмон.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, "дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намудани маъракаи такрории “авфи муҳоҷиратӣ” мебошад, ки он низ зимни суҳбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Владимир Путин матраҳ гардида буд".
Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Москва супориш додаст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд, даъват кард, ки қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд. Котиботи раисиҷумҳур гузориш додаст, ки бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Русия рӯ ба болоравӣ дорад.