https://sputnik.tj/20200103/Siposu-duoi-Fayzov-ba-Ozoda-Rahmon-baroi-pushtiboniho-1030491707.html
Сипосу дуои Файзов ба Озода Раҳмон барои пуштибониҳо
Сипосу дуои Файзов ба Озода Раҳмон барои пуштибониҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистонро, бо зодрӯзаш... 03.01.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-01-03T19:00+0500
2020-01-03T19:00+0500
2021-04-22T16:42+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102733/49/1027334962_0:318:1728:1296_1920x0_80_0_0_7c82277778cab955c5dc891c204cce83.jpg
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102733/49/1027334962_0:210:1728:1296_1920x0_80_0_0_66460af213376018a7473fdb290f9217.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, озода раҳмон, вмкб
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, озода раҳмон, вмкб
Сипосу дуои Файзов ба Озода Раҳмон барои пуштибониҳо
19:00 03.01.2020 (Навсозишуда: 16:42 22.04.2021) Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистонро, бо зодрӯзаш табрик кардааст
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Файзов дар паёмаш ба Озода Раҳмон изҳор доштааст, ки “мо аз дастгириву пуштибонии Шумо ҳамешаву пайваста бархӯрдорем ва ба ин хотир, мардуми Бадахшон – як гӯшаи фирдавсгунаи Тоҷикистони маҳбуб дуогӯи Шумо буда, ба Шумо саломатӣ ва дар коратон комгориҳои бузург хоҳонем”.
Раиси ВМКБ афзудааст, ки мардуми сарафрози Бадахшон сиёсати дурандешонаву оқилонаи Эмомалӣ Раҳмонро комилан дастгирӣ намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки ояндаи наздик Бадахшон ба қуллаҳои баландтарини рушд хоҳад расид.
Файзов дар мақоми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ифои вазифа кардани Озода Раҳмонро далели кордонию масъулияти баланд ва иродаи матини Шумо соҳибҷашн хондааст.
“Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар лаҳзаи вақти ноёбро барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз масраф карда истодаед. Дар ин мавриди муносиб Шуморо аз номи мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо зодрӯз ва соли нави мелодӣ сидқан табрик мегӯем, дуогӯем, ки ҳамеша саратон сабз бошаду рӯзгори пурфайзу баракат насибатон гардад!”, - омадааст дар паёми Файзов.
Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 42-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад.