ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Трамп мегӯяд, Сулаймонӣ дар қатл ё ҷароҳати вазнини ҳазорҳо амрикоӣ даст дорад ва ният дошт бештареро бикушад, аммо ба даст афтод.
Раисиҷумҳури ИМА дар саҳифааш навиштааст, ки Сулаймонӣ бевосита ё бавосита дар марги миллионҳо, аз ҷумла дар куштори ахири муътаризон дар дохили Эрон даст дорад. Ӯ таъкид намудаст, ки аз Сулаймонӣ дар дохили Эрон нафрину тарс доштанд ва мардум ҳатто наздик ба ҳадде ки мақомдорони эронӣ барои ҷаҳони берун вонамуд мекунанд, хафа нестанд. Трамп афзудааст, Сулаймонӣ бояд солҳо пеш аз байн бурда мешуд.
General Qassem Soleimani has killed or badly wounded thousands of Americans over an extended period of time, and was plotting to kill many more...but got caught! He was directly and indirectly responsible for the death of millions of people, including the recent large number....
— Donald J. Trump (@realDonaldTrump) 3 января 2020 г.
Ин дар ҳолест, ки Алӣ Хоманеӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, дар паёми таслияти марги генерал Қосими Сулаймонӣ, таъкид кардаст, интиқоми сахте интизори ҷинояткороне аст, ки даст ба қатли генерал задаанд.
Аммо Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Ирон ҳеч гоҳ ҷангро набурдааст, аммо дар музокирот набохтааст.
Iran never won a war, but never lost a negotiation!
— Donald J. Trump (@realDonaldTrump) 3 января 2020 г.
Пентагон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд.