Аз вакилӣ ба мақоми муовини раиси вилоят: Шарифӣ ҷойгузини Хидирзода шуд

© акс аз саҳифаи фейсбукии Носирҷон Маъмурзода, мақомдори ҳукумати ХатлонФирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон мегӯяд, дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ ба ҷои Махфират Хидирзода, ноиби раиси вилоят таъин гардид

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи вилоят, муаррифии Шарифӣ, муовини навтаъини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон қарори барканории Салимӣ, ташаббускори унвони "Пешвои миллат"-ро имзо кард

Маълумот дода шуд, ки Фирӯза Шарифӣ аз 2 ноябри соли 2016 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳукумати Хатлон, инчунин ҳолномаи Фирӯза Шарифиро нашр кардааст, ки тибқи он муовини навтаъини раиси вилоят 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Махфират Хидирзода - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Хидирзода аз волидони бемасъул, ки 1 миллион сомонӣ ҷарима шуданд

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Котиботи ҳукумати Хатлон афзуд, ки Қурбон Ҳакимзода ба Фирӯза Шарифӣ дар иҷрои вазифаи нави пурмасъулияташ барору комёбӣ хостааст.

Шарифӣ дар мақоми муовини раиси Хатлон Махфират Хидирзодаро иваз кард, ки ахиран бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон узви КМИР интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0