Интиқоди Хидирзода аз волидони бемасъул, ки 1 миллион сомонӣ ҷарима шуданд

© Sputnik / Махпора КиромоваМахфират Хидирзода
Махфират Хидирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз соли 2016 ба ин сӯ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Восеъ, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин 24 духтари ноболиғ хонадор шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон нисбати беш аз 10 ҳазор волидон барои нақз намудани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ роҳандозӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи нашрияи  Фараж.

Семья на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Падар аз таъмини фарзандон саркашӣ кард: парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди ин манотиқ давоми ду солу 5 моҳ беш аз даҳ ҳазор падару модаронро барои бемасъулиятӣ нисбати фарзандони ноболиғашон ҷаримабандӣ намуданд.

Ҳаҷми умумии маблағи ҷаримашудаи волидони ин манотиқ 1 миллион сомонӣ гуфта мешавад.

Нашрияи Фараж аз қавли муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода хабар медиҳад, ки танҳо давоми панҷ моҳи соли равон, тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд 1626 волидайн ба маблағи 196 ҳазору 301 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Кӯдакон гуноҳ мекунанду волидайн ҷазо мегиранд: додгоҳи Хуҷанд 46 волидайнро ҷарима кард

Ба гуфти ӯ аз соли 2016 ба ин сӯ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Восеъ, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин 24 духтари ноболиғ хонадор шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун  2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст.

"Духтарро чиву хонданаш чӣ": падарро барои аз мактаб дур кардани фарзандон муҷозот карданд

Мақсад аз қабули қонуни мазкур лағви намудани беаҳамиятии волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0