ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодиса рӯзи 31-уми декабри соли 2019, тахминан соати 19:50-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳалокати Маҳмадзамони 32 сола аз сангзании ду ҷавон дар Кӯҳистони Масчо
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "УАЗ-469", Худоназаров Ёрмамад Озодмамадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар километри 930-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ашимов Идрис Эшбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғобро пахш намудааст.
Рӯйхати қурбониён: шарҳи расмии КҲФ дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат
"Дар натиҷа, пиёдагард Ашимов И.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.