ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Нашрияи “Пайк” дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод, ки субҳи 28 декабр дар як садама дар наздикии шаҳри Ваҳдат 8 нафар ба ҳалокат расида, як нафар дар бемористон бистарӣ шудааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар пайи бархӯрди ду “Опел” дар роҳи Душанбе – Кӯлоб мусофирону ронандаҳо, ки сокинони шаҳри Норак, Кӯлоб ва Муъминобод будаанд, ба ҳалокат расида, танҳо як кӯдак зинда мондаст. Бархе аз шоҳидони ҳодиса теъдоди ҳалокшудагонро 6 нафар гуфтаанд, аммо расман мақомот то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Сомонаи “Ахбор” бо нашри як навор аз ҷои садама иттилоъ додааст, ки саворони “Опел”-е, ки аз Душанбе ба Норак ҳаракат доштааcт, аъзои як хонавода - ду бародар аз кӯчаи Гагарини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норак ва ҳамсарони онҳо будаанд, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳалокшудагон аз 55 то 65 сол доштаанд.
Мусофирони “Опел”- и дигар, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштаанд, сокинони ноҳияи Муъминобод будаанд. Ба иттилои мусоҳибони “Ахбор” аз ин мошин 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.