ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, дар баъзе ҷойҳо то 7-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0+5 дараҷа дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок ва дар доманакӯҳҳо бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимол борони кӯтоҳмуддат борад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.