Оё шаби Соли нав дар Тоҷикистон барф меборад?

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 31 декабр дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносӣ

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Муовини сардори Маркази ҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон  Парвина Саидҷамолова ба  АМИТ "Ховар" аз вазъи ҳавои кишвар дар шаби Соли нав гуфт.

Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 30 декабр

Ба иттилои манбаъ, 30 декабр дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, каму беш борон меборад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Новогодняя елка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин дар бораи таҷлили Соли нав: ба эҳсоси динии мардум нохун назанед

30-31 декабр дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар қаторкӯҳҳо   боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7  ва рӯзона 12 +17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  8 + 13 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Фаромадани  туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, 30 декабр  дар водиҳо борон борида, туман  мефарояд.

Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 31 декабр

Рӯзи 31 декабр ҳавои  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 9+ 14 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳо тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук  мешавад.

Новогодняя елка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи солинавии Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин арчаҳои ИДМ шомил шуд

Ҳавои моҳи январ

Тибқи пешбиниҳои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон,  моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба меъёри муқаррарӣ наздик шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва  ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришоти зиёд пешбинӣ шудааст.

Моҳи феврал низ ҳаво  сербориш шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, қаторкӯҳҳои вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Бадахшон борону барф дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки  26 декабр Эмомалӣ Раҳмон  зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйирёбии иқлим  изҳори нигаронӣ намуда, зикр  намуд, ки  дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтаанд.

Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё ба номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0