ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар Гран-при Professional fight league (PFL) – 2019 дар Лас-Вегас (ИМА) дар вазни сабук бар Крис Вейди амрикоӣ ғолиб омада, ба финал баромада буд.
Ӯ шаби Соли нав дар қуввасанҷии ҳалкунанда бар зидди размикори бразилиягӣ Натан Шулте барои $1 миллион доллар мубориза бурд.
Ҳарду варзишкор ҳам ба майдон бо омодагии ҷиддӣ ва барои пирӯзӣ омала буданд. Аз ин рӯ рақобат то охирин дақиқаҳо идома кард.
Лоиқ бештари вақт муштҳои нишонрас дошт, замоне, ки Шулте кӯшиш мекард дар партер ҳуҷум кунад.
Дар бахши аввал варзишкори тоҷиr бештар фаъол буд, вале баъдтар идораро аз даст дод.
Рақобат бо ҳуҷумҳои баробари ду тараф идома кард. Лоиқ ҳамоно бо муштзанӣ машғул буду Натан кӯшиш мекард корро дар партер тамом кунад. Дар охир ҳамин тавр ҳам шуд.
Лоиқ ҳатто дар охир ба пой бархост, вале доварон пирӯзӣ ва як миллион долларро ба размикори бразилиягӣ лоиқ донистанд.