ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, зимни ҷаласа ба рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии варзишгарон барои омодагӣ ба олимпиадаи Токио-2020 тағйирот ворид карда шуд.
“Дар натиҷа, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ варзишгарони намуди бокс Баҳодур Усмонов ҳар моҳ дар ҳаҷми 950 доллари ИМА ва Нилуфар Бобоёрова ҳар моҳ дар ҳаҷми 200 доллари ИМА кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Манбаъ қайд кард, ки илова бар маблағҳои пешбинишуда дар доираи барномаи дастгирии молиявии олимпӣ Ҳамбастагии олимпӣ хароҷоти роҳи 14 варзишгарро барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ дар ҳаҷми 45000 доллари ИМА пардохт хоҳад кард.
Дар идома гирандагони дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 тасдиқ шуд, ки дар асоси он 2 лижарон – Сайфиддини Низомиддин ва Ғоибов Баҳриддин аз моҳи ноябри соли 2019 то феврали соли 2022 ҳар моҳ 1500-долларӣ дарёфт намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 талош мекунанд.