ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа рӯзҳои 21-24 ноябр бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Узбакистон дар шаҳри Актау баргузор шуд.
"Баҳодур дар вазни -63 кило дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, ҷои аввалро ишғол намуд", - омадааст дар матлаб.
Манбаъ афзуд, намояндаи дигари Тоҷикистон, Иззатулло Алиев – 52 кило дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай шикаст хӯрд.
Кумита зикр намудаст, ки ин шашум медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ медали тиллои Чемпионати Осиё ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буд.