Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Оё шаби Соли нав дар Тоҷикистон барф меборад?

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон  дар назар аст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати 4-9   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон  меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр  бордани барф дар назар аст.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  бордани борон ва барф пешбинӣ шудааст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  1+6 ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм  ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад ва тумани суст мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0