ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Имсол дар шаби Соли нав дар Тоҷикистон барф намеборад.
Дар ин бора расонаҳои расмӣ бо такя ба сардори Маркази обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ҷамила Байдуллоева хабар медиҳад.
Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ки тибқи пешгӯии Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, навобаста аз он ки моҳи январ дар ҷумҳурӣ яке аз моҳҳои сарди зимистон ба шумор меравад, даҳаи аввали он на он қадар сард меояд.
"Шурӯъ аз даҳаи аввали моҳи январ гармии ҳаво 8-13 дараҷаро ташкил медиҳад, яъне то 5 дараҷа фарқ хоҳад кард. Даҳаи аввали моҳи январ дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли бориши барф дар назар буда, ҳарорат аз 0 то 2 дараҷа паст мегардад",-гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Ба иттилои Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, 31 декабр дар ҷумҳурӣ асосан ҳавои тағйирёбандаи абрӣ дар назар аст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 31 декабр аз соати 19 то 22 Шоу-Барномаи солинавӣ баргузор мешаваду пас аз барнома оташбозӣ оғоз мегардад.
Оташбозӣ дар "майдони 800-солагии Маскави назди Театри опера ва балет, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-дар "Боғи Айнӣ", дар ноҳияи Сино-назди сохтмони Додситонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди Сирки давлатӣ ва дар маркази Душанбе —дар майдони Дӯстӣ оташбозӣ мешавад.