ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раиси Ожонси тавсеаи сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон зимни таъкид бар аҳаммияти мусалмонписанд шудани иқоматгоҳҳои гардишгарӣ дар ин кишвар, эълом кард, ки дар тарҳе озмоишӣ, чанд истироҳатгоҳи мӯътабар гувоҳиномаи ҳалол дарёфт мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Талия Минолина, раиси Ожонси тавсеаи сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон аз ироаи гувоҳиномаи ҳалол барои иқоматгоҳҳои дармонӣ бо стандартҳои исломӣ дар ин кишвар хабар дод ва эълом кард, ки 5 истироҳатгоҳи саломат мутааллиқ ба ширкатҳои мӯътабари Тотористон мутақозии судури гувоҳинома ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба манзури тақвияти санъати гардишгарӣ ба таври озмоишӣ гувоҳинома бо стандартҳои ҳалол ва исломӣ ба бархе иқоматгоҳҳои мӯътабари ин кишвар ихтисос дода мешавад.
Минолина дар ин робита гуфт, Тотористон яке аз маҳбубтарин мақсадҳои гардишгарӣ аст, ки мардум бо стандартҳои ҳалол дар он сафар мекунанд ва имрӯз мо бояд шароитеро барои гардишгарон аз кишварҳои арабӣ эҷод кунем, ки ин амр ба ҷалби сармоягузории қаламрави мо кӯмак хоҳад кард.