ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, "Амонатбонк" маблағҳои тавассути “Золотая корона” ба Тоҷикистон интиқолдодаро дар давоми ду рӯз, бармегардонад.
"БМТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28 - 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд", - омадааст дар эълон.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ёдрас мешавем, ки пештар БМТ эълон карда буд, ки шаҳрвандон маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон, ки тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24 - 25 декабри соли равон аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозпас гиранд.
"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал
Хотиррасон мекунем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.