ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон Ҳукуматро муваззаф кард, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди раисиҷумҳур чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
“Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд”, - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ афзуд, мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
“Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем”, - зарур хонд раисиҷумҳур.