Омодагии шаҳри Душанбе барои гузаронидани барӯйхатгирии умумии аҳолӣ

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкВсероссийская перепись населения 2010
Всероссийская перепись населения 2010 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар пойтахти Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  гузоронида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Российский религиовед, публицист, руководитель Центра изучения проблем религии и общества Института Европы РАН Роман Лункин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос дар бораи суол аз дин ҳангоми барӯйхатгирӣ: нуфузи исломро муайян кардан мехоҳанд

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои  дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Ёдрас мешавем, тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили  Тоҷикистон соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0