Коршинос дар бораи суол аз дин ҳангоми барӯйхатгирӣ: нуфузи исломро муайян кардан мехоҳанд

© © Фото / Официальный сайт Федерального агентства научных организацийРоссийский религиовед, публицист, руководитель Центра изучения проблем религии и общества Института Европы РАН Роман Лункин. Архивное фото
Российский религиовед, публицист, руководитель Центра изучения проблем религии и общества Института Европы РАН Роман Лункин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тағйиру иловаҳои нав ба қонун "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ" -ро ки Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард, коршиноси рус Роман Лункин тавзеҳ дод

Дар Тоҷикистон вакилон тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ" ҷонибдорӣ карданд. Мувофиқи он дар саршумории аҳолие, ки дар кишвар соли 2020 баргузор мешавад, як суоли дигаре - пурсиш аз дин ҷой дода мешавад. Мувофиқи он шумораи дақиқи пайравони динҳои гуногун муайян хоҳад шуд.

Роман Лункин о переписи верующих в Таджикистане

Роҳбари Маркази тадқиқоти масоили динӣ ва иҷтимоии Академияи илмҳои Русия Роман Лункин дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ин иловаро дар қонуни мазкур тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аввалин кишваре нест, ки ҳангоми саршумории аҳолӣ аз диндории сокинон пурсидан мехоҳад. Пештар ин масъала дар Русия низ ба миён омада буд, аммо ҷонибдорӣ нушуд.

"Дар масъалаи Тоҷикистон, мақсад муайян кардани нуфузи ислом дар кишвар ва муайян кардани шумораи сокинонест, ки мусалмон буданашонро пинҳон намекунанд. Ин метавонад ҳадафҳои иҷтимоиву фарҳангиву сиёсӣ дошта бошад", - таъкид дошт коршинос.

Лункин афзуд, ки ин суол  ҳам маълумоти шахсӣ  ҳисаоб шуда метавонад ва ҳам маълумоте, ки барои давлат дорои аҳамияти иҷтимоӣ дорад.

"Диндорӣ - барои нафаре масъалаи шахсӣ аст. Аммо пурсиш аз динро берун кардан аз доираи масъалаҳое, ки  заминаи иҷтимоиву сиёсӣ дорад, хатост", - қайд кард вай.

Коршинос мегӯяд, ки барои ҷамъият ва давлат муайян кардани шумораи нвафароне, ки худро ба ин ё он дин мқтааллиқ медонанд муҳим аст. Новобаста аз он, ки суоли мазкур хатарҳои худро дорад.

Лентаи хабарҳо
0