Ҳоҷиева донишҷӯи сол эълон шуд

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеВступительные испытания в Таджикском национальном университете
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилфуза Ҳоҷиева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯи соли 2019 эълон гардид

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбоути шаҳрдории Хуҷанд, дар озмуни “Донишҷӯи сол-2019”, ки санаҳои 22 – 23 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардиданд,  Дилфуза Ҳоҷиева, донишҷӯйи ДДҲБСТ ғолибият ба даст оварда, унвони “Донишҷӯйи соли 2019”-ро соҳиб гардид.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: таъини Ғафуров ба вазифаи нав ва cитоиш аз меҳнати софдилонаи ӯ

Манбаъ афзуд, дар он донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии мамлакат иштирок намуданд

“Ҳайати комиссияи озмунӣ аз рўи шартҳои худмуаррифии иштирокчӣ, санҷиши дониши тахассусӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сатҳи забондонӣ, навиштани кори хаттӣ вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Хуҷанд.

Дилфуза Ҳоҷиева холи баландтарро гирифта, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол – 2019” эълон доштанд.

Манбаъ зикр кардаст, ки озмуни “Донишҷӯи сол” ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0