Ду медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

© Sputnik / Нина ЗотинаРинг, архивное фото
Ринг, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду варзишгари тоҷик, Пирмуҳаммад Давлатов ва Абдуллои Мирзоализода дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Абу-Дабӣ дар риштаи муай-тай медалҳои нуқра ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Аз 17 то 22-юми декабр дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба муай-тай доир гардид, ки дар ин мусобиқоти бонуфӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро се варзишгар муаррифӣ намуданд, хабар додааст телевизиони “Варзиш”.

Гражданин Узбекистана Аламафруз Абдуллаев, спасший 8 человек в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Медалҳо доданду ба зудӣ шаҳрвандӣ: ҳаёти Абдуллоев баъди наҷоти 8 кас дар Магнитогорск

Дар натиҷаи рақобатҳои ҳафтаина ба хазинаи варзишии тоҷик ду медали нуқра шомил гардид.

Телевизиони “Варзиш” гузориш додааст, ки барандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё оид ба муай - тайро дар дили шаб хешу наздикон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбол намуданд. Барандагони медалҳои нуқра яке Пирмуҳаммад Давлатов ва дигаре Абдуллои Мирзоализода ба ҳисоб мераванд, ки ҳарду то қисмати финалӣ омада расиданд.

Мирзо Ҷалилов, раиси Федератсияи муай - тайи Тоҷикистон зимни суҳбат аз дастоварди дастпарваронаш таъкид намудаст, ки бо ин натиҷаи арзишманд акнун барои омодагӣ ба Соли навин нақшаҳои ҷадидро роҳандозӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0