Медалҳо доданду ба зудӣ шаҳрвандӣ: ҳаёти Абдуллоев баъди наҷоти 8 кас дар Магнитогорск

© Из личного архива Аламафруза АбдуллаеваГражданин Узбекистана Аламафруз Абдуллаев, спасший 8 человек в Магнитогорске
Гражданин Узбекистана Аламафруз Абдуллаев, спасший 8 человек в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оламафрӯз Абдуллоев, муҳоҷири 24-солаи тоҷиктабор аз Узбакистон, ки дар пайи таркиши газ дар бинои истиқоматии шаҳри Магнитогорск ҷони 8 нафарро наҷот дода буд, аз зиндагияш баъди ин ҳодиса суҳбат карда гуфт, рӯзро дар сохтмонҳою шомро дар толори варзишӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Абдуллоев, ки соле қабл, субҳи барвақти 31 декабр барои намоз хесту баъди шунидани садои таркиш ба кумаки ҷабрдидаҳо шитофт, 8 танро наҷот дод ва дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Дар ин ҳодиса 39 тан, аз ҷумла 4 узви як оилаи тоҷик - Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва фарзандонашон Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола ба ҳалокат расиданд.

Аламафруз Абдуллаев, мигрант спасавший пострадавших в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон Оламафрӯзро, ки Шӯҳратро низ наҷот дод, бо медал қадрдонӣ кард

Ӯ мегӯяд, тайи як соли гузашта борҳо мақомоти Русия ва Узбакистон ӯро бо медалу мукофот қадрдонӣ кардаанд, гарчанде худаш бар ин аст, ки ҳеч қаҳрамоние накардааст ва ёрӣ ба ниёзмандон вазифаи ҳар инсон мебошад.

Ӯ иттилоъ дод, ки Маргарита Павлова, омбудсмени вилояти Челябинск ӯро бо медали “Спешите делать добро” қадр карда, дар назар аст, ки ба зудӣ шаҳрвандии Русияро низ гирад.

“Барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост кардам, мақомоти муҳоҷирати вилояти Челябинск кумак карданд ва дар назар аст, баъди соли нав шаҳрвандии Русияро гирам”, - изҳор дошт Абдуллоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шухрат Улфатов и председатель диаспори таджиков в Челябинске - Sputnik Тоҷикистон
Шӯҳрат Улфатовро ба Тоҷикистон мебаранд

Ӯ афзуд, ки мақомоти Узбакистон дар баробари медал инчунин ба волидонаш – Лайло Бурдимуродова ва Аскаралӣ Умбаров дар маросими тантанавӣ дар шаҳри Тошканд 100 ҳазор рубл мукофотпулӣ додаанд.

“Дигар аз пайи кору бори зиндагиям. Рӯзона дар кор, бегоҳ ба толор барои машқ меравам. Барои кумак ба ҷабрдидаҳо дар таркиши Магнитогорск, Владимир Остапченко, президенти Федератсияи кудо дар вилояти Челябинск низ ба ман мукофот дод”, - изҳор дошт Абдуллоев.

Мегуфт, зану фарзандонам берун баромаданд: Шӯҳратро ҳам муҳоҷири узбакистонӣ наҷот додааст

Абдуллоев, ки фарзанди калонии оилаи шашнафарияш мебошад, гуфт, баъди хатми коллеҷ бо ихтисоси кинолог озими Русия шуд ва тақрибан 8 соли охир ба муҳоҷират меравад. Ӯ гуфт, вобаста ба имконият дар як-ду сол боре ба ватан бармегардаду боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меорад.

Родственник семьи Улфатовых с детьми - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шудани тархиси Шӯҳрат аз шӯъбаи эҳё ва пардохти товон ба хонаводаи ӯ

Рӯзи 31-уми декабр хабари таркиши газ фурӯрезии дар бинои 9-ошёнае дар Магнитогорски Русия тамоми кишварро такон дод. Дар пайи ин ҳодиса 39 тан, аз ҷумла 4 узви як оилаи тоҷик - Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва фарзандонашон Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола ба ҳалокат расиданд.

Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, ки 8 нафари онҳоро аз зери харобаҳо Оламафрӯз Абдуллоев берун овардаст. Ӯ, ки барои намози субҳ хеста будаст, баъди шунидани садои таркиш ба кумак шитофта, аз ҷумла муҳоҷири тоҷик – Шуҳрат Улфатовро низ ӯ пайдо карду наҷот додаст.

Лентаи хабарҳо
0