ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7 миллиарду 494 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 5595,8 млн. сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 1898,2 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан ба 107,5 ва 113,3 фоиз баробар шуд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 484,4 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 125,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 147,3 ҳазор тонна, ангур 61,6 ҳазор тонна, гӯшт 41,6 ҳазор тонна, шир 238,8 ҳазор тонна, тухм 383,3 млн. дона, пашм 1513,2 тонна ва асал 1391,6 тоннаро ташкил намудааст.
“Истеҳсоли ғалладонагиҳо 323,6 ҳазор тонна, аз ҷумлаг андум 124 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ мутаносибан 55 ҳазор тонна ва 17,3 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст”, - зикр намудааст манбаъ.