ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Имсол аз Тоҷикистон ҳамагӣ 82 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудаст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 32 ҳазор тонна камтар аст.
Ба иттилои Агентии давлати омори Тоҷикистон, дар ин муддат наздики 46 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон ва ҳамчунин 20 фисади дигар ба Русия таҳвил ёфтааст.
Дурнамои рушди содироти маҳсулоти ғайри маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, имсол муҳимтарин маҳсули кишоварзии содироти Тоҷикистон пиёз буда, содироти он ба 57 тонна расидааст.
Аммо интиқоли ин навъ маҳсули кишоварзӣ ба фарқ аз як соли пеш наздики 24 ҳазор тонна камтар сурат гирифтаст.
Зимнан, бояд зикр намуд, ки давоми нуҳ моҳи ахири соли равон беш аз 4000 тонна ангур, 4000 тонна зардолу ва 2000 тонна олу аз Тоҷикистон содир шудааст.