Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон муовини вазири дифоъро аз вазифа озод кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири дифоъ Асрор Латифзодаро аз вазифа сабукдӯш кард

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 декабри соли 2019 бо имзои як қарор Асрор Латифзодаро аз вазифа озод кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сабаби аз вазифаи муовини вазири дифоъ озод шудани Латифзода тағйири ҷои кор будааст.

"Латифзода Асрор Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар қарор.

Бе зӯроварию порагирӣ: насиҳати Раҳмон ба мақомдорони қудратӣ

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 октябр дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори ВУД тағйироти кадрӣ амалӣ шуда, беш аз 20 генералу полковник ба мақомҳои нав таъин гардиданд.

Инчунин бо қарорҳои Ҳукумат, Камолзода Фарҳод Воҳид аз вазифаи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барканор шуда, ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0