ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Кормандони пулиси Душанбе аз ҷониби 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аризаи шикоятӣ дарёфт намуданд, ки роҳбари ҶДММ "Эҳё" бо роҳи фиреб аз онҳо беш аз 1 миллион сомонӣ гирифта, то ҳол на маблағашон ва на хонаҳои истиқоматӣ додааст, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҶДММ "Эҳё" ҳанӯз соли 2018 як сокини 30 - солаи ноҳияи Рӯдакиро фиреб дода аз ӯ 300 000 сомонӣ гирифтааст.
Ин сокини ноҳияи рӯдаки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст, ки роҳбари 59 - солаи ҶДММ "Эҳё" ба ӯ ваъда додааст, ки бар ивази 300 ҳазор сомонӣ аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Конибодом: сабаби таъхири хонасозӣ ба зарардидагони сел маълум шуд
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми январи соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 163 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми сентябри соли 2016, марди дар боло номбаргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 231 ҳазору 870-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 17-уми июни соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 220 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафуров хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Манбаъ меафзояд, номбурда дар маҷмӯъ аз шаҳрвандони зикргардида 1 157 570 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.