Бошукӯҳ: навори таҷлили мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав

Обуна шудан
Дар Маскав 83-юмин солгарди зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV дар формати нав, бошукӯҳ бо ширкати 7000 кас таҷлил шуд. Дар назди тоҷикони Маскав беҳтарин ҳунармандони санъати тоҷик ба таври ихтиёрӣ ҳунарнамоӣ карданд

Дар назди тоҷикони Маскав беҳтарин ҳунармандони санъати тоҷик ба таври ихтиёрӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Фестиваль Хушхоли-2019 в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург

Ҷашнвора аз намоиши кумиаҳои созмони "Нур" ва шоу барномаи консертӣ иборат буд. Чун ҷашнвора дар шакли нав - фазои озод баргузор шуд ҳар касе метавонист мувофиқи табъи дил аз намоиши кумитаҳо шуғле пайдо кунад.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Барои таҷлили "Рӯзи Мавлуд" ситораҳои санъати Тоҷикистон-Хайём Хайёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, Гурӯҳи "ШАМС", Фирӯз Паллаев, Ақназар Аловатов, Замири Тиллозод, Парвиноз Ақназарова ва Таманнои Шакармамад омаданд.

Барномаи консертӣ аз мадҳия (сурудҳо дар ситоиши Худо ва пайғамбар (с)), фалак ва сурудҳои эстрадӣ иборат буд.

Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург

 Хушҳолӣ-2019 . Таҷлили 83-юмин солгарди мавлуди Оқохони IV дар Маскав.
 - Sputnik Тоҷикистон
Дар саҳна ба зону: 20 акс аз таҷлили бошукӯҳи мавлуди Оқохони IV дар Маскав

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд.

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Мувофиқи омор феълан дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои наздики он тақрибан 40-50 ҳазор исмоилӣ ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0