Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль "Хушхоли-2019" в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го
Фестиваль Хушхоли-2019 в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав 83-юмин солгарди зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV дар формати нав, бошукӯҳ бо ширкати 7000 кас таҷлил шуд. Дар назди тоҷикони Маскав беҳтарин ҳунармандони санъати тоҷик ба таври ихтиёрӣ ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik, Нилуфар Некқадам. "Рӯзи мавлуд" ё 83-юмин солгарди зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар Маскав бо таъхир, вале бошукӯҳ ва дар формати ҷадид таҷлил шуд. 

Ба гуфти баргузоркунандагони барнома, чун на ҳар толор барои дар шакли нав яъне -Open Space - муҳити озод, баргузор кардани ҷашнвора ҷур буд, таҷлили Рӯзи мавлуд аз 13 (рӯзи зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ), ба 22 декабр ба таъхир гузошта шуд.

Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 - Sputnik Тоҷикистон
“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Касе роҳ гум накард

Аз дари баромади метрои Волгоградский проспект аллакай маълум буд, ки созмони "Нур" ба ҷашнвора омодагии ҷиддӣ дидааст. Баробари аз метро баромадан роҳнамое бо навиштаҷоти Ҷашнвораи фарҳангии "Хушҳолӣ-2019" гузошта шуда буду то дари толори “Main Stage” мардумро роҳнамоӣ мекард.

Аз дари даромад ба арена, фазои ҷашни бузург, меҳмоннавозии тоҷикона ва фарҳангпарварии мардуми тоҷик эҳсос мешуд. Ризокорон дар тан пироҳанҳои сафед ва дар сар тоқиҳои сабзу сурх мардумро хушомадед гуфта "Хушҳолӣ муборак", - гуён ба дохили толор ва макони асосии баргузории ҷашнвора, даъват мекарданд.

Дар байни толори бузургу барҳаво саҳна гузошта шуда буд, ки дар он ҳунармандон бо дафу доира меҳмононро пешвоз мегирифтанд. Барои таҷлили "Рӯзи мавлуд" мардум бо аҳли хонавода, ёру дӯстон ва ҳамсинфону ҳамкорон-бештар бо пироҳанҳои атласу адрас, омада буданд.

"Барои баргузор кардани ин ҷашнвора аз моҳи август ин ҷо омодагӣ мебинем. Қисми консертро пурра Нобовар Чиноров омода кард. Чун омодагиро барвақт оғоз карда будем, мушкил набуд. Дар ҷашнвораи "Хушҳолӣ - 2019" 4000 бузургсолон ва 2700 кӯдакон ширкат карданд. Барои баргузор кардани ин ҷашнвора, беш аз 4 миллион рубли русӣ сарф шуд. Ҳадафи аслии созмони "Нур" аз баргузории чунин ҷашнвора ҷамъ кардани ҳарчӣ бештари ҳамватанон дар як ҷо, огоҳ кардан аз фаъолияти Кумитаҳои созмон, ки дар воқеъ метавонанд ба мушкили мардум, дар соҳаҳои мухталиф оғоз аз маорифу то тандурустию иҷтимоӣ, расидагӣ кунанд", - гуфт Карамшо Мамаднасимов, раиси созмони "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав бошукӯҳ ва дар шакли муосир таҷлил мешавад

Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Мувофиқи омор феълан дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои наздики он тақрибан 40-50 ҳазор исмоилӣ ба сар мебарад.

Намоиши аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, ғизои миллӣ ва кокулбофӣ

Агар барои насли бузург ҷашнвораҳои миллӣ фурсате барои ёд кардан аз ватан ва пайвастан бо асли хеш бошад, барои насли дуюм ва кӯдаконе, ки дар Русия бузург мешаванд, макони ошноӣ бо фарҳангу урфу одоти миллӣ мебошад. Чун ҷашнвора дар шакли нав - фазои озод баргузор шуд ҳар касе метавонист мувофиқи табъи дил аз намоиши кумитаҳо шуғле пайдо кунад.

Намоишгоҳ аз аксҳои овони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва хонаводагии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ оғоз шуд. Ҳар як тамошобин ба завқи баланд ба аксҳо менигарист. 

Дар созмони ҷамъиятии "Нур" 11 кумита кору фаъолият мекунанд, ки дар ҷашнвора ҳар яке бо стенди намоишии худ хизмати худро ба муҳоҷирони тоҷик пешкаш карданд. Дирӯз фурсати хубе барои ошноӣ бо кори кумитаҳо фароҳам шуд. Масалан, намояндагони Кумитаи маориф мардумро бо тарҳҳои донишомӯзӣ ошно мекарданд ва ба онҳо торномаҳои ройгони забономӯзиро намоиш медоданд.

Намоишгоҳ ба муносибати рӯзи Имомат дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Кумитаи рушди иқтисод ба муҳоҷирон маслиҳат медод, чӣ гуна метавон корфармо шуд ва бо кадом роҳ мешавад, пасандози худро нигоҳ дошту онро бештар намуд. Кумитаи тандурустӣ шикояти мардумро аз вазъи саломатӣ мешунид ва маслиҳат медоду ба тарзи ҳаёти солим ташвиқ мекард.

Кумитаи ҷавонон ва варзиш дастоварҳои беҳисоби худ аз ҷумла "Ҷоми Нур"-ро ба намоиш гузошта буду, ҷавононро ба машқи бадан ва тамрин даъват мекард. Кумтаи рушди иҷтимоӣ ба муҳоҷирони оиладор маслиҳат медод, то буҷаи оилавиро сарфакорона ва бо ҳадаф сарф кунанд.

Кумитаи фарҳанг дар макони бузургтаре ороста шуда буд. Ин ҷо оғоз аз намоиши либосҳои миллӣ, то ҳинобандию кокулбофӣ ва рақсу суруд бо овози зинда, диққати бештарини мардумро ба худ ҷалб карда буд.

"Ман имрӯз ҳамроҳи духтаронам ба ҷашнвора омадам. Дастонашонро бо ҳино оро додем, бубинед чӣ гуна онҳо шоданд, ин шодии ман аст", - гуфт Гулсара модари ду фарзанд, ки солҳост дар Маскав ба сар мебарад.

Барои кӯдакон ҳамчунин макони вижае бо бозичаҳои зиёд ва ширинкорону масхарабозон омода шуда буд, ки падару модарон аз шодии кӯдаконашон дучанд хурсанд шуданд.

"Барои ман хизмат ба халқ ва ба вижа бо кӯдакон будан, ки беғашу кинанд бисёр хуш аст. Имрӯз назди мо модарони зиёде бо кӯдаконашон омаданд, ки хеле розӣ шуданд", - гуфт Шамсия Ҳукуматшоева, донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи педагогии Маскав ва ихтиёрии созмони "Нур".

Дар саҳна ба зону

Қисмати дуюми ҷашнвора аз шоу барномаи консертӣ иборат буд. Барои таҷлили "Рӯзи Мавлуд" ситораҳои санъати Тоҷикистон-Хайём Хайёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, Гурӯҳи "ШАМС", Фирӯз Паллаев, Ақназар Аловатов, Замири Тиллозод, Парвиноз Ақназарова ва Таманнои Шакармамад омаданд.

Концерт группы Шамс в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Чун кӯдак бе кин: Нобовар Чаноров гуфт, чӣ гурӯҳи "Шамс"-ро даҳсолаҳо якҷо нигоҳ дошт

"Мо барои омода кардани ин барнома чанд моҳ боз бо ҳам дар Душанбе тамрин мекардем. Бароямон ҳунарнамоӣ дар чунин рӯзи хуш, ифтихор аст. Мо ҳунармандонро аз ҳар ноҳияи ВМКБ ҷамъ кардем то фарҳанги мардуми Бадахшонро ба пуррагӣ намоиш бидиҳем", - гуфт раҳбари барномаи консертӣ Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Барномаи консертӣ аз мадҳия (сурудҳо дар ситоиши Худо ва пайғамбар (с)), фалак ва сурудҳои эстрадӣ иборат буд.

Дар аввал ҳамаи овозхонон якҷо ба саҳна баромада суруди муштаракеро иҷро карданд, ки бо таблнавозию дафзанӣ ҷур мешуд.

Соҳиба Давлатшоева дар даст доираи бузург рӯи саҳна ҳатто ба зону зада, чанд маротиба табл навохт. Тамошобинон аз ҳунарнамоии ситораҳо ба ваҷд омада буданд ва ҳама кӯшиш мекард зудтар дар саҳифаҳои иҷтимоии худ бо дӯстону пайвандон аз ин рухдоди муҳими фарҳангӣ хабар бидиҳад.

"Ин сафари нахустини ман ба Маскав нест, вале ҳар боре, ки ман бо ҳамватанон дидор мекунам онҳоро дар руҳияи баланд дармеёбам. Ҷашнвораи имрӯз бисёр дар сатҳи баланд доир шуд, мардум бисёр бофарҳанг. Ман аз баргузоркунандагони ҷашнвора изҳори сипос мекунам",- гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева.

Ақназар Аловатов, Фирӯз Паллаев ва Замири Тиллозод бо овози марғуладор ва мусиқиҳои зебо мардумро мафтун карданд. Кӯдакон лаҳзае ҳам дар ҷойҳои худ наменишастанду танҳо покӯбӣ мекарданд.

Вале, ҳунарнамоии гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои дӯстдоштаи пешин ва нав аз қабили "Ноз кун", "Бақра ба қу ҳамезанам", "Духтари тоҷик", "Моҷон азти та ширчой наринесум" (Модар ман ширчоятонро фаромӯш намекунам), ҳатто бузургсолонро низ ба дастҷунбонӣ водор кард. Фазои толор гарм шуд ва ҷашнвора ба як базми бузурги хонаводагӣ табдил ёфт. Мардум гурӯҳ - гурӯҳ ҳар ҷой рақс мекард ва дар воқеъ хушҳолӣ менамуд.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
"Jubilee mubarak": консерти бесобиқаи овозхонони тоҷику ҳиндӣ дар Маскав

"Ман дер боз чунин аз дилу ҷон нарақсида будам. Сипос ба сарояндагон ба ҳамаи баргузоркунандагон. Дар воқеъ хушҳол шудем", - гуфт Рамзӣ, ки чаҳор сол боз дар Маскав кору фаъолият мекунад.

Хизмати ифтихорӣ дар мазҳаби исмоилия

Барномаи "Хушҳолӣ - 2019" пурра аз ҷониби ихтиёриён омода шудааст. Ба гуфти раиси созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов дар баргузории ин барномаи бошукӯҳ беш аз 900 ихтиёрӣ фаъолият кард.

"Ман ба ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоёни худро иброз медорам. Дар воқеъ барои баргузории ин ҷашнвора мо чандин моҳҳо заҳмат кашидем ва инак маҳсули онро шумо имрӯз мушоҳида кардед. Ҳатто сарояндагоне, ки аз шаҳри Душанбе даъват шуда буданд вақти худ ва ҳунари худро ихтиёран тақдими "Рӯзи мавлуд" карданд. Биёед имрӯз шодӣ кунем, чун хушҳолӣ ба хотири "Рӯзи мавлуд" худ баракат аст", - гуфт, Карамшо Мамаднасимов.

"Хизмати ифтихорӣ аз рукнҳои асосии мазҳаби исмоилия ба шумор меравад. Ҳатто пир шоҳ Носири Хусрав дар асри 10 аз хизмати ифтихорӣ ба кулли башарият гуфта буд. Мо низ бояд хизмати ифтихорӣ ба кулли инсониятро пеша кунем ва барои давлате, ки ба мо шароити кору зиндагӣ додааст, меҳнат намоем", - гуфт намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав, Олим Ширинбек ва ҳозиринро ба хизмати ифтихории бештар ба халқ даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0