Имрӯз панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehВыставка достижений народного хозяйства Ирана, проходящая в Экспоцентре Тегерана
Выставка достижений народного хозяйства Ирана, проходящая в Экспоцентре Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар шаҳри Душанбе ширкатҳо ва фаолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои тавлидӣ, саноати ғизоӣ, беҳдошт ва дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, гилем ва лавозими хона ва гардишгарӣ ҳузур доштанд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ширкати “Фӯлоди Хуросон” дар панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон маҳсулот ва тавонмандиҳои худро ба намоиш гузошт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Выставка достижений народного хозяйства Ирана, проходящая в Экспоцентре Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросми бозгушоии ин намоишгоҳи тахассусӣ, ки бо ҳузури вазири тавсеа ва тиҷорати Тоҷикистон ва раиси Утоқи бозаргонии ин кишвар баргузор шуд, муҳандис Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва муҳандис Размҳусайнӣ, устондори Хуросони Разавӣ низ ҳузур доштанд.

Муҷтамаи Фӯлоди Хуросон, ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи фӯлод дар шарқи Эрон, бо ҳадафи муаррифии тавонмандиҳои худ дар заминаи тавлид ва содироти фӯлод дар ин намоишгоҳ бо доир кардани ғурфа, ҳузури фаъол дорад.

Ин намоишгоҳ, ки аз 30 озар гушоиш ёфтааст ба муддати 4 рӯз барпост ва садҳо ширкати тавлидӣ ва иқтисодии Эрон дар он, тавонмандиҳои худ ва қобилиятҳои тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Миёнаро муаррифӣ мекунанд.

© Facebook / Mohsen FarahbarВыставка Иранских товаров в Душанбе
Имрӯз панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад - Sputnik Тоҷикистон
Выставка Иранских товаров в Душанбе

Бояд қайд кард, ки дар намоишгоҳи мазкур, илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон, тоҷирон ва сармоягузорону ширкатҳои эронӣ ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт.

Ёдрас мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ ширкат карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0